Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод бозорҳо холӣ ва кӯчаҳо аз пулис кам шуд


Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бозорҳо холӣ мешаванд ва шумораи пулис дар кӯчаҳо кам мегардад. "Ҳоло як падидаи ғайриоддиро мешавад мушоҳида кард: дар атрофи бозорҳои Ишқобод ва дар чорроҳаву кӯчаҳо нозирони роҳ ва пулис кам шудааст", - мегӯяд як сокини ин шаҳр. Ба гуфтаи манбаъ, падидаи мазкур баъди сафари кории президенти Туркманистон тавассути чархбол ба Ишқобод пайдо шуд.

Пештар дар ҳар ҷониби кӯчаҳои Ишқобод 2-3 пулис навбатдорӣ мекард, ҳоло дар ҳар ду километр як пулис меистад. Бархе аз сокинон ин камшавиро ба ихтисори кормандони пулис рабт медиҳанд. Дар баробари кам шудани шумори кормандони пулис дар кӯчаҳо, ҳамчунин шумораи харидорон дар бозорҳо коҳиш ёфтааст. Дар остонаи Cоли нави масеҳӣ дар бозорҳо тақрибан ҳама навъи маҳсулот гарон шуд.

XS
SM
MD
LG