Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон ба халқ чӣ гуфтанд, чӣ шуниданд? САДО


Ироаи паёми солонаи раиси ҷумҳур ба намояндагони порлумони Тоҷикистон

Бекорӣ, камбуди оби ошомиданӣ, бунгоҳи тиббӣ ва таъмири мактабҳо аз шикояти аслии интихобкунандагон дар баъзе минтақаҳо ба вакилони порлумони Тоҷикистон будааст. Вакилон ин шабу рӯз барои шарҳи нуктаҳои паёми имсолаи раиси ҷумҳур дар назди интихобкунандаҳо қарор доранд.

Дар ҷаласаҳо на дархосте садо медиҳад ва на пешниҳоде. Ҳаме мераванд, гӯш мекунанд ва қарсак зада мебароянд.

Баъзе иштиркодорони вохӯрӣ бо вакилон гуфтанд, ин шояд ягона имкони рӯ ба рӯ шудани онҳо бо намояндагони порлумон аст. Аммо афзуданд, вакилон ба ҳама мушкилу суоли интихобкунандаҳо бо “мебинем” ва “пешниҳод мекунем” ҷавоб додаанд.

“Мушкили глобалӣ надоранд”

Акрамшо Фелалиевро ин бор низ интихобкунандагон бо бастаи мушкилоти худ ва ҳам, ба гуфтаи худаш, “шукри амонӣ” пешвоз гирифтаанд. Фелалиев, ки тоза аз ноҳияи Мурғоб аз мулоқот бо мардум бармегашт, рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, суҳбатҳояш бо мардум самимӣ буданд.

Акрамшо Фелалиев. Акс аз нашрияи порлумонии "Садои мардум"
Акрамшо Фелалиев. Акс аз нашрияи порлумонии "Садои мардум"

Ӯ гуфт, дар мулоқот сокинон камбуди оби поки ошомиданиро дар баъзе ҷамоатҳо дар миён гузоштаанд. Аммо ӯ гуфт, “аксари мушкилоти интихобкунандагон дар сатҳи ҷамоат ё вилоят ҳалшаванда аст ва онҳоро ба сатҳи ҷумҳурӣ баровардан зарур нест.” Акрамшо Фелалиев бо радди иддао дар бораи бепарво будани вакилон ба дарди мардум гуфт, худи ӯ чанд дархости интихобкунандагоншро мусбат ҳал кардааст. “Масалан, интихобкунандагон аз ноҳияи Мурғоб дархост карданд, ки квотаҳои иловагӣ барои таҳсили донишҷуён ҷудо карда шавад, то онҳо ба Қирғизистон нараванд. Мо ин масъаларо баррасӣ кардем ва соли гузашта 100 квотаи иловагӣ барои Мурғоб ҷудо шуд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Мурғоб як деҳа иртиботи мобилӣ надошт ва баъд аз муроҷиати мо ширкати Тселл омодагӣ кард, ки дастгоҳ насб мекунад”, - афзуд ӯ.

Дархост: "Бароямон дар зимистон кор ёбед”

Ҳилолбӣ Қурбонзода
Ҳилолбӣ Қурбонзода

Аммо баръакси Акрамшо Фелалиев дар толори мулоқот бо Ҳилолбӣ Қурбонзода асосан онҳое нишастаанд, ки дар фасли зимистон бекор буданд. Ҳилолбӣ Қурбонзода, ки ҳоло машғули шарҳи нуктаҳои паёми раиси ҷумҳур ба сокинони ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак аст, гуфт, интихобкунандагон асосан аз набуди кор дар фасли зимистон шикоят кардаанд. Ба қавли Қурбонзода, аксари мардум дар Данғара ва Норак ба корҳои мавсимӣ машғуланд ва набуди кору даромад дар фасли зимистон онҳоро хеле нигарон кардааст.

Ин вакили Маҷлиси Намояндагон гуфт, бекорӣ дар зимистон мушкили ягонаи мардум набуда, онҳо ҳамчунин аз таъмирталабии мактабҳо ва нарасидани бунгоҳҳои тиббӣ ба ӯ арз кардаанд. “Вазифаи мо ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намудани дархостҳое аст, ки аз ҷониби интихобкунандагон мерасад. Агар дар доираи ваколати мақомоти маҳаллист, ба онҳо мерасонем. Аммо агар мушкилот дар доираи вазорату идораҳост, ба онҳо дархости вакилӣ ирсол мекунем”, - афзуд ӯ.

Вакилон ба халқ чӣ гуфтанд, чӣ шуниданд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:18 0:00
Линки мустақим

Бо вуҷуди инки хонум Қурбонзода мегӯяд, ба чандин ваъдааш дар бораи сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, китобхона ва клубҳо вафо кардааст, ҳоло ҳам аз кораш қаноатманд нест. Зеро ба қавли худаш, “то ҳамаи мушкилоти аҳолӣ ҳал нашавад, касе аз кораш қаноатманд шуда наметавонад.”

“Қарсак зада баромада мераванд”

Вакилони Маҷлиси Намояндагон дар ҳоле аз “пурҷӯш” гузаштани мулоқоташон бо сокинон ҳарф мезананд, ки баъзе аз иштирокдорони ҷаласаҳо бо вакилон мегӯянд, мардум бештар барои пур кардани толорҳо ҷалб мешаванд. Салоҳиддин Қозиев, як сокини вилояти Суғд, гуфт, дар чанд ҷаласа бо ҳузури вакилон иштирок кард, аммо ҳеч гоҳ радду бадалҳоеро дар ҷараёни ин мулоқот мушоҳида нанамуд. Ба қавли Қозиев, ҷаласаҳо аксаран хушк ва протоколӣ сурат мегиранд.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, “дар ҷаласаҳо на дархосте садо медиҳанд ва на пешниҳоде ба вакилон. Ҳаме мераванд, гӯш мекунанд ва қарсак зада мебароянд. Воқеияте, ки чанд рӯз боз мушоҳида мекунам.”

Салоҳиддин Қозиев мегӯяд, иштирокчиёни асосии мулоқот бо мардум омӯзгорон, пизишкон ва сокинони гирду атрофи биное мебошанд, ки дар он ҷаласа баргузор мешавад.

“Вақте вакил мегӯяд, ки аз як гапи ман чизе намешавад”

Рӯзноманигори тоҷик Ислом Юсуфов мегӯяд, азбаски дар чанд суҳбати гузашта мардум мушкили худро гуфта, дар иваз беҳбудие надиданд, ба чунин мулоқот чандон бовар надоранд. Ӯ гуфт, “чанд сол қабл вақте оши наҳор манъ нашуда буд, сокинони шаҳри Конибодом аз вакили худ суол карданд, ки чӣ мешавад оши наҳор аз соати 8 ба соати 6 гузаронда шавад. Чун мардум дар деҳа зиндагӣ мекунанд ва кор доранд. Аммо вакил гуфт, бо як гуфтани ман чӣ мешавад? Депутатҳо ба ин ақида ҳастанд, ки бо як гуфтани ман ҳеҷ чизе намешавад ва мардум ҳам ба ҳалли мушкили худ бовар надоранд. Маҳз ба ин хотир ягон масъалаи дарднокро ба миён намегузоранд.”

Вакилони палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз оғози моҳи январ ба назди интихобкунандаҳо рафтаанд. Ин сафари онҳо то 17-уми январ идома хоҳад кард. Ҳадафи онҳо, ба гуфтаи мақомот, шарҳи нуктаҳои паёми солонаи раиси ҷумҳур аст, ки рӯзи 22-юми декабри соли гузашта ироа шуда буд.

Порлумони Тоҷикистон аз 63 намоянда иборат аст, ки аксари ин курсиҳоро аъзои Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG