Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Ҷээнбеков ба зудӣ ба Тоҷикистон меояд


Сооронбой Ҷеенбеков дар интихоботи моҳи октябри соли гузашта раиси ҷумҳури Қирғизистон интихоб шуд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки президенти нави Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков ба зудӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад. Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи 13-уми январ дар паёми табрикиаш ба муносибати 25-умин солгарди робитаи дипломатии Душанбеву Бишкек хабар дод.

Ӯ дар паёмаш гуфтааст, “итминон дорам, сафари расмии қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба ҳамкориҳои ду кишвар такони тоза мебахшад”. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, муносибати дӯстӣ ва ҳамсоядорӣ бо Қирғизистон “решаҳои чандасраи таърихӣ” дошта, “ҳамеша яке аз самтҳои беҳтари сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад”.

Сооронбой Ҷээнбеков ҳам дар як номаи ҷавобӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш тарафдори рушди ҳамкорӣ бо Душанбест. “Тайи чоряк асре, ки аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипарӣ шудааст, ҳамкориҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар асоси усули эҳтироми мутақобила, ҳамҷавории нек ва ҳусни тафоҳум байни мардуми мо таҳким ва густариш ёфтаанд”, - гуфтааст ӯ.

Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон чандин сол боз наметавонанд ба тақсиму аломатгузории марзҳояшон нуқта бигузоранд. Ин номуайянӣ борҳо боис ба муноқишаи сокинони ду тарафи марз шуда, тайи тақрибан чаҳор соли ахир даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷо гузоштааст.

Танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода буд. Соли гузашта дар чунин танишҳои марзӣ дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нерӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.

Мақомот мегӯянд, то имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъин ва аломатгузорӣ нашудааст.

Видеоҳои охирин

Шумори донишҷӯёни узбек дар донишгоҳҳои Тоҷикистон якбора афзоиш ёфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:06 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG