Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД яке аз ёрони "Мулло Абдулло"-po боздошт кардааст


Акси Зоҳир Нақибов аз навори Вазорати умури дохилӣ гирифта шудааст
Акси Зоҳир Нақибов аз навори Вазорати умури дохилӣ гирифта шудааст

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини шаҳри Турсунзодаро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи “Мулло Абдулло” боздошт кардаанд. Мақомот гуфтанд, ки Зоҳид Нақибови 38-сола, маъруф бо лақаби “Зоҳири гӯшлаққа”, дар куштори ду корманди милиса, гаравгонгирӣ ва ғоратгарӣ муттаҳам аст.

Дар дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Зоҳид Нақибов моҳи июли соли 2000-ум бо супориши “Мулло Абдулло” ба мошини кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нуробод ҳамла кардааст. “Дар пайи тирборони мошини навъи “НИВА” Исмоил Акобиров ва Саъдулло Махсумов, ду корманди милиса кушта ва Саидмаъруф Сатторов, як сокини дигари ин ноҳия ҷароҳат мебардоранд”, - гуфтанд дар вазорат.

Ба гуфтаи мақомот, “Зоҳири гӯшлаққа” соли 1999 Мустафо Ғаниев, сокини дигари ноҳияи Нурободро ба гарав гирифта, барои озодшавиаш 200 ҳазор рубли русӣ ситондааст. Гуфта мешавад, Зоҳид Нақибов дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва тоза боздошт шудааст. Мавқеи пайвандони Зоҳид Нақибов маълум нест.

Моҳи сентябри соли гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Назиров Неъматулло, сокини 42-солаи деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нурообод бо гумони узвият дар гурӯҳи “Мулло Абдулло” ва инчунин содир кардани ҷиноятҳои куштор, пинҳон кардани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ боздошт шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ ошкор кардани ҷиноятҳои солҳои пешро аз авлавиятҳои кори тафтишотии худ қарор додааст. Собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ мегӯянд, бо далелҳои ноамн будани кишвар даҳҳо ҷиноят нокушода мондааст ва феълан фурсати варақ задани парвандаҳои кӯҳна расидааст.

XS
SM
MD
LG