Пайвандҳои дастрасӣ

СММ изҳороти Трампро дар бораи муҳоҷират "нажодпарастӣ" хонд


Доналд Трамп ҳангоми сӯҳбат дар ҷаласаи Кохи Сафед. 10-уми январи соли 2017

Муассисаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар изҳороти ахири Доналд Трампро, ки гуфтааст муҳоҷирон аз "шикофҳои чиркин" ба Амрико даркор нестанд, "шармовар" ва "нажодпарастона" унвон кард.

"Кишварҳо ва қораҳоро "шикофи чиркин" номидан қобили қабул нест",- гуфт Руперт Колвилл - намояндаи ин ниҳоди СММ. Ӯ рӯзи 12-уми январ гуфт, "мушкили суханони Трамп на дар авомона будан, балки дар муҳтавои бегонаситезии онҳост".

Дар бораи изҳороти ахири Трамп матбуоти Амрико хабар дод. Кохи Сафед рад намекунад, ки ҳангоми мулоқот бо сенаторҳо, дар масъалаи ислоҳоти соҳаи муҳоҷират, Трамп дар ин бора изҳори назар кард. Аммо ин ба маъноест, ки президент пеш аз ҳама ғами шаҳрвандони Амрикоро мехӯрад.

Худи Трамп хабарҳои матбуотиро рад кард. Ӯ рӯзи 12-уми январ дар Твиттер навишт, дарвоқеъ, рӯзи гузашта дар ҷаласаи Кохи Сафед дар бораи муҳоҷират сахт сӯҳбат кард, аммо на ба он шакле, ки гузориш дода шуд.

Трамп бори дигар мавқеи худро дар бораи зарурати бархӯрди шадид ба муҳоҷират аз кишварҳои дар ҳоли рушд таъкид кард.

Як идда сенаторҳо ва конгрессменҳо - ҳам демократ ва ҳам баъзе ҷумҳурихоҳон - аз изҳороти ахири президент Трамп танқид карданд. Иттиҳоди кишварҳои Африқоӣ ва ҳизби ҳокими Африқои Ҷанубӣ низ дар ин замина аз Трамп интиқод карданд.

Видеоҳои охирин

Сархатти рӯйдодҳои 20-уми апрели соли 2018
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:01:29 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG