Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона барои мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ $5 млн ҷудо мекунад


Вазири иттилоот ва иртибототи Қазоқистон Даурен Абаев

Мақомоти Қазоқистон тасмим доранд, ки то охири соли равон низоми дидбонӣ ё мониторинги шабакаҳои иҷтимоиро ҷорӣ кунанд, ки ба пайгирии густардаи матлабҳо дар Интернет имкон медиҳад.

Ба маълумоти Вазорати иттилоот ва коммуникатсияи Қазоқистон, барои бунёди низоми "Мониторинги фазои иттилоотии миллӣ ба таври худкор" аз буҷаи давлат ҳудуди 1,7 миллиард танга (ҳудуди 5 миллион доллар) ҷудо мешавад.

Бар пояи қонунгузории Қазоқистон, матолиби расонаҳоро ниҳодҳои дахлдор пайгирӣ хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир, дар ин кишвар фаъолияти садҳо расона, аз ҷумла сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии маҳаллиро бахши вежае дар Вазорати умури дохилӣ назорат мекунад.

Вазири иттилоот ва коммуникатсияи Қазоқистон Даурен Абаев моҳи ноябри соли гузашта гуфт, ки ниҳоди зери раҳбарияш нақша дорад, то охири соли 2018 дидбонӣ ва пайгарди матлабҳоро дар Интернет ҷорӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ин низом тамоми матолиби шабакаҳои иҷтимоиро фаро хоҳад гирифт.

Видеоҳои охирин

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG