Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милош Земанро 8 довталаби курсии перзидентӣ ба чолиш мекашад


Постери Милош Земан
Постери Милош Земан

Милош Земан, президенти Ҷумҳурии Чех, ки бо сиёсати зидди муҳоҷират ва русгароӣ машҳур шудааст, дар интихоботи рӯзи ҷумъа бо 8 довталаби дигар сабқат мекунад. Земан мехоҳад, барои як панҷсолаи дигар президент шавад.

Рақибони аслии Земан дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ - раҳбари пешини Академияи улум Иржи Драгош, оҳангсоз ва соҳибкор Михал Горачек ва нахуствазири собиқ Мирек Тополанек - ӯро танқид мекунанд ва мегӯянд, изҳори назарҳои зиддунақизи ӯ ҷомеаро фалаҷ менамояд.

Президенти феълӣ аз пуштибонии нахуствазир Андрей Бабиш бархӯрдор аст. Тақрибан ҳамаи аҳзоби мухолифин аз рақибони Земан тарафдорӣ мекунанд.

Бино ба назарсанҷиҳо, гумон аст, ки номзади пирӯз дар даври аввали интихобот маълум шавад. Аз рӯи ин назарсанҷиҳо, ду номзад - президент Земан ва Иржи Драгош шансҳои беҳтар доранд. Дар даври дувуми интихобот, ки интизор меравад ду ҳафта баъд баргузор шавад, Земан ва Драгош аз шансҳои баробар бархӯрдор хоҳанд буд.

Ҷумҳурии Чех кишвари порлумонӣ аст, аммо Қонуни асосӣ ба президент як идда салоҳиятҳо додааст ва маҳз президент ба ин ё он сиёсатмадор дастур медиҳад, ки ҳукуматро ташкил кунад.

XS
SM
MD
LG