Киштии кайҳоии НАСА (NASA) захираи бузурги яхро дар сайёраи Миррих аккосӣ кард, ки метавонад барои пажуҳишгарони ояндаи ин сайёра ҳамчун манбаи об ва оксиген истифода шавад.
Олимони кайҳоншинос ҳангоми омӯзиши аксҳои киштии NASA ҳашт майдони яхро мушоҳида карданд, ки дар 1 метр аз сатҳи замин ҷойгир буда, тӯли он дар зери замин то 100 метр мерасад. Яхҳои сатҳӣ бо регу гил пӯшида шудаанд. Дар ин бора маҷаллаи Science-и Амрико рӯзи 11-уми январ гузориш дод.
Мавҷудияти ях дар Миррих қаблан ҳам маълум буд, аммо ошкор шудани майдонҳои ях дар сатҳи замин олимонро ба шигифт овард.
Геологи амрикоӣ Колин Дандас мегӯяд, захираи майдонҳои ях дар Миррих эҳтимол натиҷаи барфрезиҳои шадиди миллионҳо сол пеш аст.
Намунаҳои об дар Миррих бори аввал соли 2010 кашф шуд.
Аммо ҳоло олимон ба натиҷае расиданд, ки майдонҳои ях дар ин сайёра аз он чӣ пешгӯӣ мешуд, бештар будааст.