Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп сафари барномарезишуда ба Лондонро лағв кард


Президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп сафари Лондонро, ки ба моҳи феврал барномарезӣ шуда буд, бекор кард.

Интизор мерафт, ки Трамп дар маросими ифтитоҳи сафорати нави ИМА дар Британия иштирок кунад.

Трамп гуфт, ки намехоҳад ба Лондон равад, зеро ба иштирок дар ифтитоҳи сафорати нав хоҳиш надорад. Ӯ гуфт, ки аз шеваи кӯч додани бино норозӣ аст, зеро маъмурияти президенти пешини Амрико бинои кӯҳнаро арзон фурӯхт ва бинои навро бо қиммати баланд бунёд мекунад.

Аммо матбуоти Британия менависад, ки нигаронӣ аз эътирозҳои густарда алайҳи Трамп, эҳтимол сабаби лағви сафар шудааст.

Нахуствазири Британия Тереза Мэй ҳанӯз соли гузашта Трампро ба кишвараш даъват карда буд, аммо рӯзи сафар то ҳол маълум нест. Бисёр қонунгузорони Британия ба суханронии Трамп дар порлумони кишварашон мухолифат доранд. Сафари моҳи феврал, як сафари кӯтоҳи корӣ буд, на расмӣ.

XS
SM
MD
LG