Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати чинии Huawei дар Қирғизистон "Шаҳри ҳушманд" месозад


Нахуствазири Қирғизистон Сафар Исоқов

Лоиҳаи "Шаҳри ҳушманд" дар Қирғизистон аз сӯи ширкати чинии Huawei Technologies Co амалӣ мешавад. Қирғизистон бо ин ширкат рӯзи 11 январ созишнома баст.

Биноба хабари маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон, барои ин лоиҳа 60 миллион доллар харҷ хоҳад шуд.

Ширкати "Huawei Technologies Co., Ltd" бояд ҳамаи дастгоҳҳо ва хизматрасониҳоро барои таъмини иттилои шахсӣ фароҳам оварад.

Иҷрои лоиҳаи мазкур дар марҳилаи аввал бехатариро дар кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрҳои Бишкеку Ӯш таъмин мекунад, роҳҳои асосии шаҳрҳо, чаҳорроҳа, маконҳои ҷамъиятиро фаро мегирад ва дар ҳалли фаврии баҳсҳо ҳангоми садама кӯмак мекунад. Ин тарҳ ҳамчунин мубориза бо таҳдидҳои ҷиноиву террористиро дар назар дорад.

Сафар Исҳоқов, сарвазири Қирғизистон гуфт, ки татбиқи лоиҳа ним солро дар бар мегирад.

Пештар Исҳоқов гуфта буд, ки Huawei ширкати бузург аст ва табиқи тарҳҳои "Шаҳри ҳушманд" таҷриба дорад. Нахуствазир аз татбиқи "Лоиҳаи "Дубайи ҳушманд" ёдовар шуд ва гуфт, ки технологияи тарҳи Қирғизистон низ тақрибан мисли Дубай ё беҳтар аз он хоҳад буд.

(«Шаҳри ҳушманд»-ро ширкати чинии Huawei месозад) - видео.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG