Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори зиндонӣ бо наздиконаш мулоқот кард


Бобомурод Абдуллоев
Бобомурод Абдуллоев

Модар, ҳамсар ва фарзандони рӯзноманигори боздоштшуда Бобомурод Абдуллоев 10 январ тавонистанд, бо ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар шаҳри Тошканд чанд дақиқа мулоқот кунанд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ Сурат Икромов, дар ин мулоқот, ки 25 дақиқа идома ёфт, кормандони амният ҳам ҳузур доштаанд. Наздикони Абдуллоев мегӯянд, вазъи саломатии Абдуллоев қаноатбахш буд ва ӯ дар ин бора шикоят накард.

Вакили дифоъ афзуд, ки то ҳол парвандаи рӯзноманигор ба додситонӣ ирсол нашудааст ва кормандони амният ҳам ба наздикони ӯ нагуфтаанд, ки мурофиа кай ва дар куҷо оғоз хоҳанд шуд.

Бобомурод Абдуллоеви 44-сола рӯзи 27 сентябри соли 2017 бо иттиҳоми "кӯшиши ғасби ҳукумат ва сарнагун кардани сохти конститутсионии давлат" дар Тошканд боздошт шуд.

Мақомоти Узбакистон мегӯянд, ки "Абдуллоев ба ҳайси як масъули "Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон" бо дастури раҳбари ҳаракат Муҳаммад Солеҳ аз соли 2011 дар Интернет матлабҳоеро нашр мекард, ки ба сарнагун кардани сохти конститутсионии ин кишвар равона шудаанд".

XS
SM
MD
LG