Субҳи 12-уми январ Тоҷикистонро заминларза такон дод.
Ба иттилои Хадамоти геофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, зилзила соати 8:40 дақиқа рух дода, маркази он 125-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон будааст. Манбаъ мегӯяд, қувваи зилзила дар маркази он 4,8 ва дар пойтахту атрофи он аз 2,5 то 3 дараҷа будааст.
То ҳол дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти иқтисодӣ гузорише нарасидааст.
Се рӯз қабл низ дар ноҳияи Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, зилзилаи 4-дараҷаӣ сабт шуда буд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шудааст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.