Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абумуслим пас аз 2 ҳафта пайдо шуд


Наздикони Абӯмуслими 12-сола, ки охири декабр нопадид шуда буд, мегӯянд, баъд аз ду ҳафта ӯро пайдо кардаанд. Тоҷиддин Шарипов, падари Абӯмуслим рӯзи 12-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро дар ноҳияи Рӯдакӣ дар маҳаллаи маъруф ба “колхози Русия” пайдо кардаанд.

Ба қавли падари Абӯмуслим, писараш рӯзи 29-уми декабр баъди аз мактаб баромадан роҳгум зада, ба самти “колхози Русия” меравад. “Роҳгум зада ба онҷо меравад ва дар як ферма хоб будааст. Соҳибони ин ферма ба ӯ кӯмак карданд ва баъд аз онки эълонb гум шуданашро дар телевизион мебинанд, ба мо занг заданд,”-афзуд ӯ. Тоҷиддин Шарипов мегӯяд, вазъи саломатии писараш хуб буда, дар давраи таътили зимистона аст.

Қаблан низ дар Тоҷикистон ҳодисаи нопадидшавии ноболиғон ва ҳамин тавр пайдо нашудани онҳо борҳо аз ҷониби матбуот матраҳ шудааст. Аз ҷумла хоҳарон Араловаҳо дар соли 2013 нопадид шуда то ҳол пайдо нашудаанд. Ин масъала дар сатҳи роҳбарияти кишвар низ ҷиддан баррасӣ шуд. Инчунин моҳи августи соли 2017 Ганҷина Қаюмоваи 9-сола дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан бедарак шуда, то ҳол пайдо нашудааст.

XS
SM
MD
LG