Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздҳо ҷавоҳироти баробар ба 4,5 миллионро ба яғмо бурданд


Фаронса - ҷавоҳироти Gaydamak
Фаронса - ҷавоҳироти Gaydamak

Дуздҳои мусаллаҳ аз бутики Ritz - меҳмонхонаи машҳури Порис ҷавоҳиротеро баробар 4,5 миллион евро ғорат карданд. Дар ин бора пулис рӯзи 10 январ хабар дод. Дуздҳо шишаи бутикро шикастанд ва ҷавоҳироти пурарзишро бо худ бурданд.

Пулис мегӯяд, ки се гумонбари дуздӣ дафъатан дар майдони Вендоми маркази Порис боздошт шуд. Ду нафари дигар дар ҳоли фирор қарор дорад. Дар ин ҳодиса касе захмӣ нашуд, вале ҷавоҳироти ба яғмо рафтаро низ пайдо накарданд.

Дуздҳо зоҳиран ба дӯкон аз дари кӯча ворид шуда, барои гирифтани ҷавоҳирот шишаи ветринаро шикастанд. Дар ин вақт ду нафар дар дӯкон буд ва онҳо пулисро аз ҳодиса огоҳ карданд.

Дар чанд соли ахир якчанд фурӯшгоҳи ҷавоҳирот дар Порис, бо шумули Cartier, Harry Winston ва Chopard мавриди ҳамлаи дуздон қарор гирифтанд. Моҳи октябри соли 2016 ғоратгарон бо таҳдиди силоҳ ба Ким Кардшиан, ситораи намоишҳои тафреҳии ИМА, ки дар яке аз апартментҳои Порис қарор дошт, ҷавоҳироти ӯро бо арзиши 9 миллион евро ба яғмо бурданд.

Ritz барои дуздҳо ҳадафи боарзиш аст. Ин меҳмонхона, ки аз қарни 19 фаъолият дорад ва соли 2016 баъди бозсозии чорсола дубора боз шуд, дӯкони брендҳои машҳури мисли Ernest Hemingway, Coco Chanel, Marcel Proust ва Princes Diana-ро дар худ ҷой додааст.

XS
SM
MD
LG