Пайвандҳои дастрасӣ

Сокини Хуҷанд дар "балкон"-и ҳамсари собиқаш нағунҷид


Мӯҳсинҷон Турсунов, як сокини шаҳри Хуҷанд, аз болои ҳамсари собиқаш, ки ӯро барои зиндагӣ дар “балкон” ё айвони хонааш иҷозаи зист надод, ба додситонӣ шикоят бурдааст. Додгоҳ Муҳсинҷон Турсуновро пас аз ду соли талоқ дар “балкон”-и хонаи ҳамсари собиқаш маскун кард. Аммо Матлуба Қаробоева ҳамсари ин мард ӯро барои зиндагӣ дар хонааш роҳ надод.

Ин хонае, ки боис ба баҳси зану шавҳари собиқ қарор дорад, як ҳуҷра дорад ва масоҳаташ 27 метри мураббаъ ҳаст. Ба ҷуз аз “балкон” дигар ҷое барои маскун кардани шавҳари собиқи ин мард вуҷуд надорад. Маъмулан, дар ҳоле шикоят дар чунин баҳсҳо ба додситонӣ меравад, ки қарори додгоҳ иҷро намешавад.

Матлуба Қаробоева, ҳамсари Мӯҳсинҷон Турсунов, рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, иҷрочиёни суд омаданд ва вақте мехостанд, ӯро дар балкони хонааш маскун кунанд, ризоият надод. “Рафта шикоят кардааст. Лекин ман розӣ намешавам, ки дар балкони хонаам зиндагӣ кунад. Маро намефаҳманд, ки чӣ хел бо нафаре, ки маро талоқ додааст, дар як хона зиндагӣ мекунам”, - гуфт ӯ.

Матлуба Қаробоева пас аз 16 соли зиндагии муштарак, бинобар ҷангҳои тӯлонӣ, ду соли пеш аз ҳамсараш талоқ гирифт. Аммо ҳоло додгоҳ сарчашмаи, ба гуфтаи ӯ, ҷанҷолҳоро дубора бо ӯ ҳамхона кардан мехоҳад. Хона ба номи Қаробоева аст, аммо азбаски ҳамсари пешинаш ҷойе барои зист надорад, зоҳиран додгоҳ аз рӯи инсондӯстӣ бо қароре “балкон”-ро барои ин мард беҳтар аз кӯча донист.

Матлуба Қарабоева мегӯяд, ки дар хона бо се фарзанд - ду кӯдак аз Муҳсинҷон Турсунов ва як фарзанд аз ҳамсари якумаш - зиндагӣ мекунад.

Соли гузашта дар Тоҷикистон наздики 9 ҳазор ҷуфт аз ҳам пошидаанд. Тибқи иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон аксар хонаводаҳои аз ҳампошида гирифтори баҳсҳои манзил ва алимент шудаанд. Бахши умдаи онҳое, ки барои алимент ва маскун шудан даъво кардаанд, занҳо будаанд. Мӯҳсинҷон Турсунов аз камтарин мардони тоҷик аст, ки барои маскун шудан дар хонаи ҳамсари собиқаш ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG