Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон эълони иттиҳом алайҳи Шоҳрудиро таҳқиқ мекунад


Оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ -раҳбари пешини қувваи қазоӣ Аҳмадинажодро баъди маросими савганди президентӣ табрик кард. 6 августи соли 2005
Оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ -раҳбари пешини қувваи қазоӣ Аҳмадинажодро баъди маросими савганди президентӣ табрик кард. 6 августи соли 2005

Додситони Олмон заминаҳои ҳуқуқии тасмимеро баррасӣ мекунад, ки оё метавонад алайҳи рӯҳонии шинохтаи Эрон, раиси пешини қувваи қазоӣ, ки барои табобат дар Олмон қарор дораду бояд рӯзи 11 январ ба Теҳрон баргардад, иттиҳом пеш гузорад.

Сухангӯи дафтари додситон гуфт, мақомот ҷанбаъҳои қонуниеро меомӯзанд то муайян кунанд, ки Оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ дар даҳсолаҳои фаъолияташ ҳамчун раҳбари қувваи қазоии Эрон, ки дар ин муддат то 2000 инсон эъдом шудааст, дар ҷинояти алайҳи башарият даст дорад ё хайр.

Ҳафтаи равон Олмон ду аризаи шикоятӣ алайҳи Шоҳрудиро, ки аз ҷойгузинҳои Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ номбар мешавад, сабт кард. Як аризаро қонунгузори пешин аз Ҳизби Сабзи Олмон Фолкер Бек ворид кард, аризаи дуюмро гурӯҳи эронии дар табъид - Шӯрои муқовимати Эрон пеш гузошт. Ин гурӯҳи мухолифин рӯзи 10 январ аз Олмон даъват кард, ки оҷилан амри боздошти Шоҳрудиро содир кунад ва нагузорад, ки ӯ аз шаҳри Ҳанновер, макони табобаташ, берун равад. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, ҳукумати Эрон барои бозгашти Шоҳрудӣ ва ҳамроҳонаш ба Теҳрон ба рӯзи 11 январ ҳафт билет фармоиш додааст.

XS
SM
MD
LG