Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ боз шуд


Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, ки бар асари резиши санг дар минтақаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) масдуд шуда буд, барои рафтуомади нақлиёт боз шудааст.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи гузашта роҳ қисман ва имрӯз пурра ба истифода дода шуд. Тайи се рӯзи ахир бар асари резиши санг ҳаракати мошинҳо дар ин масир масдуд шуда буд.

Асомуддин Шокиров, муовини раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар умури сохтмон рӯзи 11-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳама навъи мошинҳо аз ин қитъаи роҳ ҳаракат мекунанд. Вай афзуд, ҳоло ҳам резиши сангреза мушоҳида мешавад ва ба ин хотир дар ин қитъа ҳаракати мошинҳо зери назорат аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар инҷо гурӯҳи наҷотбахшони Кумитаи фавқулода ва масъулони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин низ ҳузур доранд. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ гуфтанд, ки то замони бартараф шудани хатари резиши санг вазъро назорат мекунанд.

Шомгоҳи 8-уми январ бар асари резиши санг дар ин маҳал, як сокини ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ҷон бохта, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ин роҳ дар фасли сармо ягона масирест, ки пойтахтро ба вилояти Бадахшон мепайвандад. Молу коло аз Чин низ аксаран аз тариқи ҳамин роҳ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG