Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Чеченистон боздошти Титиевро то ду моҳ тамдид кард


Аюб Титиев
Аюб Титиев

Додгоҳи Чеченистон боздошти раҳбари "Мемориал" дар Грозний Аюб Титиевро то ду моҳ тамдид кард. Дар ин бора вакили ӯ Петр Зайкин рӯзи 11 январ ба "Интерфакс" хабар дод. Титиев рӯзи сешанбе бо иттиҳлми нигаҳдории маводи мухаддир дар Чеченистон боздошт шуд. Созмонҳои ҳуқуқи инсон парвандаи ӯро сохта унвон кардаанд.

Рӯзи гузашта, ходимони пулис дар деҳаи Курчалойи Чеченистон хонаводаи корманди "Мемориал"- Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Грозний, Аюб Титиевро аз хонаашон берун карданд.

Ба гуфтаи "Мемориал", ходимони пулис ба хонаи хешони Титиев ворид шуда, талаб карданд, ки фарзандони хонавода - Бекхон ва Яъқуб ба идораи пулис ҳозир шаванд. Пулис ҳушдор додааст, ки дар акси ҳол онҳоро нохушӣ интизор аст.

Дар вақти рейд танҳо занон- хешони бародари Титиев дар хона буданд. Пулис онҳоро ба кӯча ронд ва дари манзилро муҳр зад.

Намояндаи "Мемориал" дар Грозний Аюб Титиев рӯзи сешанбе дар роҳ ба сӯи корхонааш боздошт ва ба идораи пулиси Курчалой оварда шуд. Титиев муддати чанд соат ба вакил дастрасӣ надошт ва баъдан Вазорати дохилии Чеченистон эълон кард, ки ӯ ба нигаҳдории 180 грам маводи мухаддир муттаҳам шудааст. Боздоштшуда иттиҳомро рад мекунад.

Раиси Шурои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Михайил Федотов аз Кумитаи тафтишот дархост кард, ки фарзияи ба ҷайби Титиев гузоштани маводи мухаддирро тафтиш кунад.

Ба навиштаи "Новая Газета" Титиев барои фаъолияти ҳуқуқияш дар Чеченистон борҳо таҳдид шудааст. Титиев дар ҳоле раҳбари бахши минтақавии "Мемориал" дар Грозний шуд, ки раҳбари пешини он Наталя Эстемирова тобистони соли 2009 кушта шуд.

XS
SM
MD
LG