Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз Эрон талаб кард,ки зиндониҳои сиёсиро озод кунад


Тазоҳуроти задди ҳукумати Эрон дар Шведсия
Тазоҳуроти задди ҳукумати Эрон дар Шведсия

Кохи сафед аз Теҳрон талаб кард, ки боздоштшудаҳои тазоҳуроти ахирро озод кунад. Дар изҳороти ҳукумати Доналд Трамп, ки рӯзи чоршанбе пахш шуд, гуфта мешавад, ки хабари боздошт, шиканҷа ва куштори эътирозгарон Вашингтонро шадидан нигарон кардааст.

ИМА даъват кард, ки ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ дар Эрон, аз ҷумла боздоштшудаҳои чанд рӯзи ахир озод шаванд.

Шумори дақиқи одамоне, ки дар робита ба ҳодисаҳои охири Эрон боздошт шуданд, расман эълон нашудааст. Мақомот мегӯянд, чанд сад нафарро боздошт карданд ва аксари онҳо озод шуданд. Аммо намояндаи мардуми дар порлумони Эрон Маҳмуд Содиқӣ гуфт, ки дар ҷараёни тазоҳурот ҳудудан 3.700 нафар боздошт шуд. Дар задухӯрд бо пулис бештар аз 20 тҷон бохт.

Эътирозҳои Эрон охири моҳи декабр шуруъ ва авоили ҳафтаи равон хомӯш шуд.

Ҳукумати Доналд Трамп ҳафтаи ҷорӣ бояд тасмим бигирад, ки оё бархе аз таҳримҳои бекоршуда алайҳи Эронро ҳифз мекунад, ё хайр.

XS
SM
MD
LG