Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як корманди IRS дар Шаҳристон


Бар асари бархӯрди мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як корманди ширкати IRS (Инноватив Роуд Солюшнз), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ, ба ҳалокат расида, корманди дигараш ҷароҳат бардоштааст.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса субҳи панҷшанбе дар километри 205-ум, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, рух дод.

Ба қавли ӯ, ҳодиса пас аз он сар дод, ки як мошини боркаш бо сабаби фаромадани туман дар канори роҳ таваққуф кард ва худравҳои дигар ҳангоми убур ба ин мошин бархӯрданд. Сухангӯи IRS мегӯяд, дар маҷмуъ 8 мошин ба ҳам бархӯрдаанд.

"Дар ин миён корманди мо Зафар Ғоибов, ки машғули пошидани моддаҳои зидди лағжиш буд, ҷон бохта, як нафари дигар осеби ҷиддӣ дидааст", - афзуд ӯ.

Масъулони ширкати IRS овозаҳо дар мавриди бештар будани шумораи қурбониёни ин садамаро рад карданд. Ба гуфтаи Далери Абдулло, дар вақти рух додани ҳодиса ҳолати роҳ хуб буда, танҳо бинобар фаромадани туман, ин садама иттифоқ афтодааст.

Мақомоти корҳои дохилӣ то ба ҳол дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG