Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷасади Ноздорвская DNA-аи гумонбари куштор ошкор шуд


Ирина Ноздровская

Дар ҷасади вакили украинӣ Ирина Ноздровская, ки охири моҳи декабр кушта шуд, пайи ДНК-и гумонбари куштор Юрий Россошанский ёфт шуд. Дар ин бора рӯзи чоршанбе ноиби аввали раиси Пулиси миллии Украина Вячеслав Аброскин хабар дод.

Ба гуфтаи пулис куштори вакил ва ҳомии ҳуқуқи башар Ноздровская аз пеш барномарезӣ нашуда буд ва тасодуфан, дар пайи баҳси Ноздровская бо Юрий Россашанский дар истгоҳи нақлиёт сурат гирифт. Ба маълумоти тафтишот, гумонбар ба тани қурбонӣ беш аз даҳ зарби корд зад ва сипас ҷасадашро ба рӯдхона партофт. Аброскин гуфт, ки Россашанский ҷурми кушторро эътироф кард, аммо гуфт, ки аз карда пушаймон нест.

Ду соли ахир Ирина Ноздровская, ки аз рӯи тахассус ҳуқуқдон буд, қазияи ҳалокати хоҳарашро пайгирӣ мекард. Хоҳари ӯ дар як садамаи нақлиётӣ бо иштироки Дмитрий Россошанский - писари додраси ноҳиявӣ, кушта шуд. Юрий Россашинский, ки ба ҷурми куштор иқрор шуд, падари Дмитрий Россашинский аст.

Ирина Ноздровская баъди суханрониҳояш дар додгоҳ аз тарафи айбдоршаванда ва хешони ӯ борҳо таҳдид шуда буд. Ӯ билохира ба ин муваффақ шуд, ки додгоҳ Дмитрий Россошанскийро ба муддати 7 сол зиндонӣ кард. Аммо рӯзи 27 декабр додгоҳи таҷдиди назар парвандаро дубора барои бознигарӣ фиристод.

Видеоҳои охирин

Бархӯрди мотосиклҳо ҳангоми ҷашни Рӯзи Бастилия дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG