Пайвандҳои дастрасӣ

AP: Демократҳои ИМА аз ҳамлаи Русия ҳушдор доданд


Бен Кардин

Дар пасманзари дахолати Русия ба умури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои аврупоӣ президент Доналд Трамп бефаъолиятӣ нишон медиҳад. Чунин аст бардошти демократҳои Амрико дар Конгресс. Хабаргузории Associated Press аз гузориши махсуси демократҳо дар ин робита рӯзи 10 январ гузориш дод.

Ба гуфтаи Associated Press, ин нахустин гузориши муфассали Конгресси ИМА аст, ки фаъолияти Русия баъди интихоботи президентии соли 2016-ро фаро мегирад. Гузориш бар пояи маълумоти манобеи боз ва сӯҳбат бо дипломатҳои Аврпуо омода шудааст.

Гузориш бо ибтикори Бен Кардин, узви кумитаи равобити байналмилалии Конгресс таҳия шуд. Кардин мегӯяд, ҳадаф нишон додани миқёси талошҳои президенти Русия Владимир Путин барои баҳам задани демократия дар Амрико ва саросари ҷаҳон аст. Ба ин санад танҳо демократҳо имзо гузоштанд, ҷумҳурихоҳон аз Кумитаи равобити байналмилалӣ аз имзои он худдорӣ карданд.

Рӯзи гузашта намояндаи Ҳизби Демократ дар Конгресс Максин Уотерс аз президенти ИМА Доналд Трамп танқид кард, ки дар баробари дахолати Русия мавқеи мустаҳкам надорад.

Биноба гузориши демократҳо Русия талош кард ба умури 19 кишвари Аврупо дахолат кунад. Муаллифон кушиши дахолати Русия ба умури интихоботҳои Британия, Финландия, Фаронса ва Олмонро намуна оварданд.

Дар худи Амрико таҳқиқи дахолати Русия дар умури интихоботи соли 2017 дар ИМА ҷараён дорад ва мушовири вежа Роберт Мюллер мехоҳад мушаххас кунанд, ки тими интихоботии Трамп бо ҷониби Русия ҳамкорӣ дошт ё хайр. Мақомоти Русия ҳамагуна итиҳоми марбут ба дахолат ба умури интихоботи ИМА-ро рад мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG