Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдони назди сафорати Русия дар Вашингтон исми Немтсовро мегирад


Борис Немтсов
Борис Немтсов

Шӯрои шаҳрии Вашингтон қарор кард, ки лоиҳаи қонун дар бораи майдони Немтсов дар назди сафорати Русия дар пойтахти ИМА ба таври фаврӣ қабул шавад. Дар ин бора Владимир Кара-Мурзаи хурдӣ, раиси Бунёди Борис Немтсов рӯзи чоршанбе хабар дод.

Охири моҳи декабр хабар расид, ки кумитаҳои марбутаи шӯрои шаҳрии Вашингтон қонун дар бораи ба номи Немтсов гузоштани қисме аз кӯчаи рӯ ба рӯи сафорати Русияро қабул кардаанд. Борис Немтсов аз раҳбарони мухолифи ҳукумати Русия буд, ки соли 2015 дар шаҳри Москва кушта шуд.

Барои қувваи қонунӣ пайдо кардан, лоиҳаи қонун бояд аз сӯи раиси шаҳри Вашингтон қабул ва имзо шавад.

XS
SM
MD
LG