Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сеул таҳримҳои зидди Пхенянро дар вақти бозиҳои Олимпӣ лағв мекунад


Дастфишории Вазири Кореяи Ҷанубӣ бо раҳбари ҳайъати Кореяи Шимолӣ дар Сеул. 9 январи соли 2018
Дастфишории Вазири Кореяи Ҷанубӣ бо раҳбари ҳайъати Кореяи Шимолӣ дар Сеул. 9 январи соли 2018

Кореяи Ҷанубӣ имкони муваққатан бекор кардани таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолиро баррасӣ мекунад, агар ин тадбир барои осон шудани сафари ҳайъати Кореяи Шимолӣ ба Пхёнчхан зарур шавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters гузориш дод.

Намояндаи Кореяи Шимолӣ рӯзи 9 январ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Сеул "қадамҳои аввалия"-ро якҷо бо Шӯрои Амнияти СММ баррасӣ мекунад.

Рӯзи сешанбе дар деҳаи наздимарзии Пханмундҷом аввалин музокироти мустақими байни ду Корея дар ду соли ахир баргузор шуд. Дар поёни ин гуфтушунид Кореяи Шимолӣ гуфт, ки барои Бозиҳои Олимпӣ ба Кореяи Ҷанубӣ варзишгар ва гурӯҳи пуштибони иборат аз мақомоти баландпояро мефиристад.

Қаблан раҳбари Кореяи Шимолӣ дар суханронии бахшида ба фарорасии Соли Нав гуфт, ки масъалаи иштироки варзишгарони кишвараш дар Бозиҳои Олимпиро баррасӣ мекунад Президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Ҷе Ин аз ин изҳороти раҳбари Кореяи Шимолӣ истиқбол кард.

Дар моҳҳои ахир бинобар озмоишҳои мушакии Кореяи Шимолӣ, равобити ду кишвар буғранҷ шуда буд. Президенти Амрико Доналд Трамп аз музокироти байни ду Корея пуштибонӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG