Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзиши дарси англисӣ дар мактабҳои Эрон мамнӯъ мешавад


Имтиҳон дар мактаби Эрон
Имтиҳон дар мактаби Эрон

Дар пасманзари ҳушдори раҳбарони Эрон, ки мегӯянд,омӯзиши забони англисӣ роҳро ба "таҳоҷуми фарҳангӣ" аз Ғарб боз мекунад, як мақоми аршади соҳаи маориф гуфт, ки мақомот тасмим доранд таълими дарси англисӣ дар макотиби миёнаро мамнӯъ кунанд.

Меҳдӣ Навид-Адҳам, раҳбари Шӯрои Олии Омӯзиш рӯзи 7 январ ба шабакаи телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки "тадриси забони англисӣ дар мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ, дар барномаи таълимӣ, хилофи қонун ва тартибот аст".

"Зеро дар синфҳои ибтидоӣ таҳдоби омӯзиши фарҳанги Эрон гузошта мешавад",- гуфт Меҳдӣ Навид-Адҳам.

Дар Эрон, ки забони форсӣ забони давлатӣ аст, омӯзиши забони англисӣ дар мактаби миёна - дар синни 12-14 шурӯъ мешавад. Аммо баъзе мактабҳо омӯзиши забони англисиро барои талабаҳои хурдсол низ пешниҳод мекунанд.

Ҳоло маълум нест, ки қарори манӯъ шудани омӯзиши забони англисӣ ба иҷро даромадааст ё не. Аммо гуфта мешавад, ин қарор бештар ба мактабҳои хусусӣ таъсир мегузорад, ки ба тадриси забони англисӣ аз синфҳои аввал оғоз мекунанд.

Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ дар гузашта аз ин ки "омӯзиши забони англисӣ то боғчаи бачаҳоро фаро гирифтааст", изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ гуфт, " ин ба маънои мухолифат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ нест, аммо ин таблиғи фарҳанги хориҷӣ дар кишвар ва дар байни кӯдакону ҷавонон аст".

XS
SM
MD
LG