Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даромади воқеии бозори домоди Ислом Каримов ошкор шуд


Лола Каримова бо ҳамсараш Темур Тиллоев
Лола Каримова бо ҳамсараш Темур Тиллоев

Бозори умдафурӯшии "Абу Сахӣ"-и пешин дар як моҳ ба буҷаи Узбекистон 5 миллиард сӯм (муодили тақрибан 614 ҳазор доллар) фоида воридмекард, вале баъди бозтаъсиси он дар 15 рӯз 35 миллиард сӯм даромад ҳосил шудааст. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи ҷумъа маълумот дод.

Охири соли гузашта бозори яклӯхтфурӯшии "Абу Сахӣ" дар шаҳри Тошканд ба маҷмаи тиҷоратии "Тошканд ипак йули" тағйири ном кард.

"Абу Сахӣ" дар соли 2006 аз сӯи Темур Тиллоев, домоди хурдии президенти пешини Узбекистон таъсис ёфт ва ба бузургтарин ширкати воридоти маҳсулот аз хориҷ ба кишвар табдил шуд.

Дар замони роҳбарии Ислом Каримов бозор, ки дар 25 гектар замин доман паҳн кардааст, ба бузургтарин бозори умдафурӯшӣ табдил шуд. Ин бозор на танҳо пойтахти Узбекистон, балки ҳамаи вилоятҳои кишварро бо маҳсулоти хориҷӣ таъмин мекард.

14 декабри соли 2017 хабар расид, ки "Абу Сахӣ" соҳиби нав пайдо мекунад. Вакили дифои Темур Тиллоев ин хабарро тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG