Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабири ББС барои маоши нобаробари марду зан истеъфо дод


Ситоди ББС дар Лондон
Ситоди ББС дар Лондон

Сардабири барномаҳои ББС дар Пекин дар заминаи норозигӣ аз тафовути маоши кормандони зану мард дар ин ширкат истеъфо дод.

Истеъфои Керри Грейсӣ натиҷаи нашри маҷбурии сатҳи маоши кормандони баландпоияи ББС дар соли 2017 аст, ки бар поияи он раддаҳои аввалро мардҳо ишғол кардаанд.

Ветерани ББС, бо таҷрибаи 30 соли кор дар ин ширкат, Керри Грейсӣ дар як изҳорот дар сомонаи худ навишт, ки дигар наметавонад кори худро дар сатҳи олӣ иҷро кунад, дар ҳоле, ки бо раҳбаронаш барои баробарии маош мубориза мебарад.

Грейсӣ мегӯяд, ба маълумоти ӯ аз чаҳор сардабири байналмилалии ББС, ки ҳарду ҳам мард ҳастанд, 50 дар сад бештар аз сардабирони зан маош мегиранд. Керри Грейсӣ мегӯяд, дар пайи маоши баланд барои худ нест, ӯ танҳо мехоҳад ББС қонуни Британияро дар бораи баробарии маош барои кори баробар риоя кунад.

XS
SM
MD
LG