Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангрезӣ боиси басташавии қитъаи роҳи Душанбе-Бадахшон шуд


Бар асари резиши санг як қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Бадахшон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баста шудааст.

Сулаймон Назаров, раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта ҳангоми сангрезӣ роҳ баста шуд ва феълан Идораи роҳсозӣ талош дорад дар зудтарин фурсат роҳро боз кунад.

“Сангрезӣ шаб шудааст ва касе зиён надидааст. Ҳоло техникаҳои роҳсозӣ сафарбар шудаанд ва ҳамин рӯз бояд роҳ дубора боз шавад”, -гуфт ӯ.

Ин роҳ дар фасли сармо ягона роҳест, ки пойтахтро ба вилояти Бадахшон мепайвандад. Молу коло аз Чин низ аксаран аз тариқи ҳамин роҳ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 8 декабр гуфт, ки мутахассисони ин ниҳод барои пок ва безарар кардани роҳ сафарбар шудаанд.

XS
SM
MD
LG