Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон гуфт, қасд дорад ба ҳайси вазири умури хориҷӣ бимонад


Рекс Тиллерсон
Рекс Тиллерсон

Рекс Тиллерсон гуфт, ки қасд дорад дар соли 2018 низ ба ҳайси вазири умури хориҷии Амрико кор кунад. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш гузоришҳо аз таниши мавҷуд миёни вазири умури хориҷӣ ва раиси ҷумҳури Амрико нашр шуданд.

Рекс Тиллерсон дар мусоҳибаи рӯзи 5-уми январ бо телевизиони CNN гуфт, бовар дорад, маъмурияти Доналд Трамп дар соли 2017 бисёр муваффақият дошт ва дар ҳоли иҷрои сиёсатҳое аст, ки 2018-ро муваффақтар аз соле пеш хоҳад сохт.

Ӯ дар посух ба суоле гуфт, ният дорад дар маъмурияти Доналд Трамп ба ҳайси вазири умури хориҷӣ бимонад.

XS
SM
MD
LG