Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифои ИМА: Аз иқдоми ҷавобии Покистон нигарон нестам


Ҷеймс Маттис

Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико гуфт, ки кишвараш ироаи кумаки тақрибан думиллиарддолларии низомӣ ба Покистонро боздошт ва дар мавриди вокунишу иқдоми ҷавобии Покистон ташвиш надорад.

Дар нишасти рӯзи 5-уми январ дар Пентагон аз Маттис пурсиданд, ки оё фишори Вашингтон болои Исломобод Покистонро ба бастани роҳи икмолотии нирӯҳои мустақар дар Афғонистон водор нахоҳад кард? Маттис гуфт, “дар ин маврид ҳеч гуна нигаронӣ надорад.”

Исломобод шаш сол пеш дар ҷараёни танишҳои ҷиддиаш бо Вашингтон роҳҳои икмолотии нирӯҳои байналмилалиро барои чанд моҳ баста буд.

Вазири дифои Амрико гуфтааст, ҳанӯз ҳам бо Покистон кор мекунанд ва агар Исломобод бар зидди террористон иқдомоти ҷиддӣ бигирад, кумакҳо ба ин кишвар аз сар гирифта хоҳанд шуд.

Покистон то кунун ба ин иқдоми Амрико вокуниши тунд нишон додааст. Вазорати умури хориҷии Покистон рӯзи ҷумъа дар як эъломия гуфт, “тағйир дар масири ҳадафҳо ва таъйини зарбулаҷалҳои худсарона рӯи мубориза алайҳи террористон таъсири манфӣ мегузорад.”

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон чашм ба роҳи сармояи тоҷикони бурунмарзӣ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:40 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG