Пайвандҳои дастрасӣ

Занон дар Туркманистон аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шудаанд


Аз моҳи декабри соли гузашта занон дар Туркманистон аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шудаанд. Вебсайти “Альтернативные новости Туркменистана” рӯзи 5-уми январ навишт, ки нозирони роҳ дар ин бора ба занони ронанда расман ҳушдор додаанд.

Бино ба иттилои ин вебсайт, дар оғози соли нав нозирони роҳ шаҳодатномаи ронандагӣ ё парвонаи чанде аз занонро гирифта, мошини онҳоро ба истгоҳи ҷаримавӣ фиристодаанд.

Як зани сокини Ишқобод гуфтааст, то замоне ки ин мушкил ба сараш наомад, ҳушдорро шӯхӣ пиндошта буд. “Ҳоло занон аз нишастан паси чанбараки мошин метарсанд. Субҳгоҳон мардҳо онҳоро ба ҷои кор бурда, шом гирифта мераванд”, - афзуд ӯ.

Як зани дигар гуфтааст, расман огоҳӣ гирифтанд, ки дигар мошин идора намекунанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд.

Манбаи наздик ба идораи бозрасии давлатии автомобилии Туркманистон гуфтааст, ин тасмим баъди як гузориши вазири умури дохилӣ Искандар Муликов ба раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гирифта шудааст. Муликов дар гузориши охири соли гузаштааш гуфтааст, аксари садамаҳо бо гуноҳи занони ронанда ё иштироки онҳо рух медиҳад.

Раиси ҷумҳури Туркманистон ба вазири умури дохилӣ дастур додааст, ки ин вазъро “ислоҳ кунад”.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG