Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 15 табиб – барои “буриши қайсарӣ”


15 пизишки тоҷик барои риоя накардани қоидаҳои “буриши қайсарӣ” ё таваллуд аз роҳи ҷарроҳӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳабибулло Воҳидов – додситони вилояти Суғд – рӯзи 5-уми январ дар ҷаласаи ҷамъбасти як соли фаъолияти ниҳодаш гуфт, “алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуд”.

"Беасос буриши қайсарӣ мекунанд"

Аз чеҳра ва либос муайян мекардаанд. Агар одами пулдор аст, дарҳол дар шӯро маслиҳат карда, зани сиҳатро ҷарроҳӣ мекунанд

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, рӯзи 6-уми январ гуфт, додситони Суғд аз он нигаронӣ кардааст, ки ташхису табобати занони ҳомила дар бемористонҳо ба таври зарурӣ сурат намегирад. “Бештари вақт дар давраи ҳомилагии модарон дар муассисаҳои тиббӣ... камхунӣ ва бемориҳои дигари онҳо муайян намешавад. Дар таваллудхонаҳо муоинаи пурраи онҳо сурат намегирад. Баъзан бе асос буриши қайсарӣ мегузаронанд ва, баръакс, дар ҳолати зарурӣ ин амалиёт гузаронда намешавад”, - афзудааст ӯ.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд
Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд

Ҳабибулло Воҳидов дар идома гуфтааст, ки тайи ду соли ахир дар вилояти Суғд 23 модар ва беш аз ду ҳазор кӯдаки то яксола фавтидаанд.

Дар пайи интиқоди раис

Ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани понздаҳ пизишк дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз ҳолатҳои зиёди “буриши қайсарӣ” дар ин минақта нигаронӣ кард ва гуфт, зоҳиран ин бахши ба тиҷорат табдил ёфтааст. Абдураҳмон Қодирӣ моҳи августи соли гузашта дар мулоқот бо табибони маҳаллӣ ин суолро аҳм дар миён гузошт, ки “буриши қайсарӣ воситаи тиҷорат аст ё занони тоҷик дигар қобилияти мустақилона таваллудкуниро аз даст додаанд?”

Қодирӣ бо интиқод аз зиёд шудани ҳодисаҳои буриши қайсарӣ гуфт, маълумоте дорад, ки табибон ин корро ба хотири пул анҷом медиҳанд. “1-2 фоиз кӯдак чаппа меояд ё гапи дигар мешавад, лекин 18-20 фоиз не-ку. Ин хел накунед. Боз ман гапҳои дигар шунидам, оҳиста пеши роҳашро гирифтем. Барои пул ин корро мекардаанд. Духтурон ба шавҳари зан нигоҳ мекунанд, ки кӣ аст. Аз чеҳра ва либос муайян мекардаанд. Агар одами пулдор аст, дарҳол дар шӯро маслиҳат карда, зани сиҳатро ҷарроҳӣ мекунанд”, - афзуд ӯ.

"Мардум шояд дар аввал розӣ мешаванду..."

Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ

Раиси вилояти Суғд дар бораи ҳаққи хидмати табибон барои анҷоми чунин амалиёт чизе нагуфт, вале занҳое, ки аз ин амалиёт гузаштаанд ваё журналистоне, ки мавзӯъро таҳқиқ кардаанд, мегӯянд, бархе табибон ба гузарондани буриши қайсарӣ манфиатдоранд, “зеро аз ин ҳисоб маблағи зиёдтар ба ҷайби онҳо меравад.”

Аз рӯи муқаррарот, буриши қайсарӣ бо тасмими табибон, ризоияти зану хешовандонаш ва дар ҳолате анҷом мешавад, ки аз рӯи пешбиниҳои мутахассисон, таваллуди табиӣ барои зан оқибатҳои ногувор дошта бошад. Дар ҷарроҳӣ аз роҳи буридани қисмати поёни шиками зан тифл берун оварда мешавад. Ҳадафи амалиёт – таваллуди солими кӯдак ва ҳифзи ҷони модар аст.

Дар ҳамин ҳол, як пизишки тоҷик, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “шояд баъзе ҳолати буриши худсаронаи қайсарӣ вуҷуд дошта бошад. Аммо хуб медонед, табибон болои ҳар бемор риск карда наметавонанд ва баъид аст, ки бе асос ягон зани ҳомиларо ҷарроҳӣ кунанд. Баъдан, мардуми мо ин хел ҳастанд, ки дар лаҳзаи мушкил ба ҳар кор розӣ мешаванду баъд пушаймон гардида, даъво пеш меоранд.”

То ҳашт дарсади занони ҳомила ҷарроҳӣ мешаванд

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, таваллуд ройгон аст ва таваллуд аз роҳи амалиёт аз рӯи нархномаи расмӣ 622 сомонӣ муқаррар шудааст.

Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ҳамасола аз 6 то 8 дарсади занони тоҷик тифлони худро тариқи ҷарроҳӣ ба дунё меоранд. Масъулини вазорат мегӯянд, зиёда аз 60-70 фоизи ҷарроҳиҳо фаврӣ ҳастанд ва дар ҳоле анҷом дода мешаванд, ки ба ҳаёти зан ё кӯдак хатар таҳдид намояд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG