Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ҳудуди $1миллирд кӯмаки амниятӣ ба Покистонро масдуд кард


Тазоҳуроти зидди ИМА дар Покистон
Тазоҳуроти зидди ИМА дар Покистон

Ҳукумати Амрико гуфт, ки дастикам $900 миллион кӯмаки амниятӣ ба низомиёни Покистонро, то замони амалҳои қобили мулоҳизаи Исломобод алайҳи Толибони Афғонистон, масдуд мекунад.

"Толибон ва шабакаи Ҳаққонӣ дар қаламрави Покистон паноҳгоҳ меёбанд, барои баҳам задани суботи Афғонистон барнома мерезанд ва ба сарбозони Амрико ва шариконаш ҳамла мекунанд",- гуфт сухангӯи Департаменти давлатӣ Ҳизер Нойерт рӯзи 4 январ.

Депатаменти давлатӣ мегӯяд, ки ҷузъиёти манъи кӯмакҳо ба Покистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, аммо ин рақам ҳудуди $900 миллионро дар бар мегирад.

Равобити ИМА бо Покистон рӯзҳои ахир, баъди интиқоди шадиди президент Трамп аз Исломобод, рӯ ба сардӣ гаравид. Трамп Покистонро ба пинҳон кардани ҷангиёни исломӣ, ки Амрико айлҳи онҳо мубориза мебарад, муттаҳам кард. Покистон иттиҳомро мекунад.

Рӯзи 4 январ генерали покистонӣ Осиф Ғаффор ба шабакаи телевизионии GEO гуфт, ки Исломобод ба идомаи ҳамкорӣ бо Амрико манфиатдор аст, аммо дар масъалаи "манофеи миллӣ ва эътибор" созиш намекунад.

XS
SM
MD
LG