Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби марги ҳуқуқдони украинӣ маълум шуд


Ирина Ноздровская
Ирина Ноздровская

Ирина Ноздровская, ҳомии ҳуқуқи башари Украина аз чандин зарбаи корд, ё асбоби бурранда ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора хабаргузории УНИАН рӯзи 4 январ бо такя ба сухангӯи дафтари пулиси миллии Украина Николай Жукович гузориш дод. Ба ин тартиб сухан дар бораи марги маҷбурӣ аст, - гуфт Жукович. Ба гуфтаи Жукович, пизишки қонунӣ далели таҷовуз шудани Ноздровскаяро тасдиқ накард.

Қаблан муовини аввали вазири дохилии Украина Серегей Яровой ба пулис дастур дод, ки барои таҳқиқи қазияи марги ҳомии ҳуқуқ ситоди ҳамоҳангсоз таъсис диҳад.

Ҷасади Ирина Ноздровскаяи 38-соларо рӯзи 1 январ, се рӯз баъди нопадидшуданаш аз рӯдхона пайдо карданд. Ба гуфтаи матбуоти Украина куштори ӯ эҳтимол ба таҳқиқи парвандаи марги хоҳараш рабт дорад, ки дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.

Ду соли ахир Ирина Ноздровская, ки аз рӯи тахассус ҳуқуқдон аст, қазияи ҳалокати хоҳарашро пайгирӣ мекард. Хоҳари ӯ дар як садамаи нақлиётӣ бо иштироки Дмитрий Россошанский - писари додраси ноҳиявӣ, кушта шуд. Ирина Ноздровская баъди суханрониҳояш дар додгоҳ аз тарафи айбдоршаванда ва хешони ӯ борҳо таҳдид шуда буд. Ӯ билохира ба ин муваффақ шуд, ки додгоҳ Россошанскийро ба муддати 7 сол зиндонӣ кард. Аммо рӯзи 27 декабр додгоҳи таҷдиди назар парвандаро дубора барои бознигарӣ фиристод.

XS
SM
MD
LG