Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндониҳои авфшуда ба зиёрати қабри Каримов рафтанд


Масҷиди Самарқанд, ки Ислом Каримов дар қаламрави он хок шудааст
Масҷиди Самарқанд, ки Ислом Каримов дар қаламрави он хок шудааст

Зиндониҳои собиқи маҳбстҳои Узбакистон, ки бо ҷурми узвият дар гуруҳҳои мазҳабӣ солҳоро дар паси панҷара сипарӣ карда, соли гузашта озод шуданд, барои сайёҳати дурӯза ба Самарқанд рафтанд.

Дар ин бора маркази матбуотии Идораи маънавии мусалмонони Узбакистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, зиндониёни пешин маҷмааи ёдгории "Ал-Бухорӣ", инчунин қабри президенти пешини Узбакистонн Ислом Каримовро зиёрат карданд.

Моҳи декабри соли 2017 президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев 2700 зиндониро дар остонаи 25-солагии Қонуни асоии ин кишвар афв кард.

Соли гузашта 14 зиндонии сиёсӣ - рӯзноманигорон, фаъолони ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ низ аз зиндон озод шуданд.

Бино бар иттилои созмонҳои байналмилалӣ ҳоло дар зиндонҳои Узбакистон 12 рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқ нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG