Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед нисбати Исломобод тадбирҳои вижа ҷорӣ мекунад


Кохи Сафед аз Покистон хост, ки барои муқобила бо терроризм кори бештаре анҷом диҳад ва гуфт, ки бо ҳадафи фишор болои Исломобод дар рӯзҳои наздик “тадбирҳои вижа”-е роҳандозӣ мекунад. “Мо медонем, ки дар амри хатми терроризм онҳо кори бештаре карда метавонанд ва мо ҳам мехоҳем, ки амал кунанд”, гуфт Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 2 январ.

Вай гуфт, ки тадбирҳои нави Вашингтон дар ин замина дар 48 соати наздик эълон мешавад. Ҳушдори Кохи Сафед замоне садо дод, ки сафири ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ ба хабарнигорон гуфт, “маъмурияти Трамп далелҳои мушаххасе дорад, ки ироаи 255 миллион доллар кӯмак ба Покистонро боздорад”. Ҳейлӣ гуфт, ки “Покистон давоми солҳои зиёд бозии дугона дошт”.

Вай гуфт: “Онҳо бо мо ҳамкорӣ карда, ҳамзамон ба террористон паноҳгоҳ медоданд, то ки ба нирӯҳои мо дар Афғонистон ҳамла кунанд. Ин бозӣ барои маъмурияти мо қобили қабул нест”. Дар ҷавоб сафири Покистон дар СММ Малиҳа Лодӣ гуфт, ки муборизаи кишвараш бо терроризм на ба хотири дарёфти кӯмак, балки бар асоси манфиатҳои миллӣ ва принсип сурат мегирад.

Лодӣ гуфт, ки Покистон барои мубориза бо терроризм дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон сармоя ва қурбонии зиёд додааст. Субҳи 2 январ президент Доналд Трамп Исломободро дар “фиребгарӣ” айбдор карду гуфт, ки ин кишвар барои террористон паноҳгоҳи амн таҳия кардааст.

XS
SM
MD
LG