Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди панҷ рӯзи эътирозҳо - тарафдорони ҳукумати Эрон ба хиёбонҳо баромаданд


3 январ, шаҳри Қум
3 январ, шаҳри Қум

Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки баъди ором шудани эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва задухӯрди тарафдорону мухолифони режим дар Ҷумҳурии Исломӣ, рӯзи 3 январ даҳҳо ҳазор ҷонибдори ҳукумат ба хиёбонҳо рехтанд. Телевизиони англисизабони давлатии PressTV рӯзи 3 январ саҳнаҳое аз раҳпаймоиҳои тарафдорони ҳукуматро пахш кард, ки бо парчами Эрон дар даст ва шиорҳои пуштибонӣ аз ҳукумат дар кӯчаҳо дида шуданд.

Телевизиони давлатӣ гузориш дод, ки раҳпаймоиҳо ба тарафдории ҳукумат дар шаҳрҳои Аҳвоз, Кирмоншоҳ ва Гургон баргузор шуд ва ширкатдорони ин ҳамоишҳо хушунатҳову куштори 22 нафарро дар эътирозҳои панҷрӯза маҳкум карданд. Шурӯъ аз 28 декабр то 2 январ давоми панҷ рӯз дар шаҳрҳои мухталифи Эрон гирдиҳамоиҳои эътирозӣ баргузор шуд. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА “марги инсонҳои бегуноҳ” ва ҳам ҳам ҳабси садҳо ширкатдори намоишҳои эътирозиро маҳкум карданд.

Вашингтон гуфт, ки Теҳрон бояд иҷозат диҳад, ки эътирозгарон ба таври осоишта норизоияти худро баён кунанд ва ҳамчунин ба ташкили ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ даъват кард. Ҳанӯз таърихи баргузории ин ҷаласа маълум нест. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ “душманони Эрон”-ро дар ташвиқи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ айбдор кард. Дар муддати ин ҳама рӯзҳо мақомот дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиву вебсайтҳоро масдуд карданд, то ки дар бораи эътирозҳои Эрон зиёд нанависанд. Сафири ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ иддаои мақомоти эрониро рад кард, ки эътирозҳо аз беруни кишвар танзим мешаванд.

XS
SM
MD
LG