Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи Русия бо ду сарнишин дар Сурия суқут кард


Сурия - чархболи Mi-24-и Русия дар фазои пойгоҳи Ҳмеймим
Сурия - чархболи Mi-24-и Русия дар фазои пойгоҳи Ҳмеймим

Рӯзи 31 декабр чархболии ҷанги Ми-24-и Русия дар Сурия суқут кард ва ду сарнишинро ба ҳалокат расонд. Дар ин бора гурӯҳи таҳқиқотии Conflict Intelligence Team рӯзи 3 январ бо такя ба шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш дод.

Маълум шудааст, ки яке аз ҳалокшудаҳо майор Артем Кулиш буд ва исми хонаводагии дигарӣ Матвеев гуфта шудааст. Чархбол, ки корвонро раҳбаладӣ мекард, ба хати барқ бархурд ва суқут кард. Ба гуфтаи Conflict Intelligence Team минтақае, ки чархбол суқут кард, ба рӯйхати "манотиқии шиддатзудо" шомил мешавад. Маълум нест, ки ин корвон низомӣ буд ё башарӣ.

Вазорати дифои Русия низ суқути чархбол ва ҳалокати ду пилотро тасдиқ кард ва гуфт, ки чархбол дар натиҷаи "мушкилоти фаннӣ" сарозер шуд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки механики парвоз захм бардошт ва ба пойгоҳи Ҳмеймим интиқол ёфт.

Русия аз моҳи сентябри соли 2015 дар Сурия амалиёти низомӣ анҷом медиҳад. Охири моҳи декабр вазири дифои Русия Сергей Шойгу аз оғози хуруҷи нерӯҳои Русия аз Сурия ва таъсиси гурӯҳи доимӣ дар пойгоҳи Ҳмеймим ва Тартус хабар дод. Дар бораи теъдоди нерӯҳои Русия дар Сурия ва хисороти ҷонии онҳо хабари расмӣ вуҷуд надорад. Аммо ба маълумоти матбуот танҳо дар соли 2017 на камтар аз 40 низомии Русия дар Сурия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG