Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Қазоқистон "шахсиятпарастӣ дар Остона"-ро "ҳазён" номид


Ерлан Идрисов, сафири Қазоқистон дар Бритониё қиёси Остонаро бо "лоиҳаи шуҳратхоҳӣ" беасос медонад.

Нашрияи бритониёии Financial Times (FT) номаи сафири Қазоқистонро дар посух ба матлаби "Вақте ки пойтахти давлат ба лоиҳаи шуҳратхоҳӣ табдил мешавад", нашр кард. Дар ин бора рӯзи 2 январ бахши Қазоқии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Муаллифи матлаби мазкур дар робита ба изҳороти президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ дар бораи кӯчонидани пойтахти кишвараш, аз таҷрибаи Қазоқистон мисол меорад. Дар номаи ҷавобии сафири Қазоқистон омадааст, ҳарфҳои муаллиф дар бораи он ки Остона, пойтахти Қазоқистон "лоиҳаи шуҳратхоҳии дорои имкониятҳои зиёди фасодкорӣ ... ва бо аксҳои Назарбоев ширеш шудааст", бе санаду далел мебошанд. Ба гуфтаи Идрисов, сар аз соли 1997 шумори сокинон аз 280 ҳазор ба як миллион расид ва қазоқистониҳо аз ин "хеле хушҳоланд".

Дар матлаби Financial Time, ки 27 декабр нашр шуд, омадааст, қарори Назарбоев дар бораи "тарки Алмаато ба хотири бунёди бошитоби пойтахти нав дар даштҳои холии шимол" асоси стратегӣ дошт - ҳадаф "аз даъвоҳои марзии Русия" пешгирӣ кардан буд. "Аммо дар натиҷа Остона аҷибу ғариб шуд: пур аз сохтмонҳое, ки президент Назарбоев онҳоро пешниҳод ва лоиҳакашҳои байналхалқӣ сохтаанду бо аксҳои Назарбоев ширеш шудаанд. Аз марказҳои тиҷҷорӣ гирифта, ки чодари кӯчманчиёнро ба хотир меоранд, то бурҷҳое, ки бо фолклори қазоқӣ ҳамхонӣ доранд", - омадааст дар матлаб.

Идрисов дар номааш менависад, қарор дар бораи кӯчонидани пойтахт ба хотири "чораҳои амниятӣ" қабул шуд.

Мақомоти пойхтахти Қазоқистон хабар доданд, ки моҳи июли соли 2016 шумори сокинони Остона ба як миллион нафар расид.

XS
SM
MD
LG