Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, "тугмаи ҳастаӣ"-и Вашингтон аз Пхенян нирӯмандтар аст


Президенти ИМА Доналд Трамп ба изҳороти таҳдидомези раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин, ки гуфт, "тугмаи ҳастаӣ" дар рӯи мизи корияш қарор дорад, посух дод.

"Ким Чен Ин гуфта, ки тугмаи ҳастаӣ ҳамеша дар рӯи мизи корияш аст. Касе аз ҳамон режими заифу гуруснааш ҳаст, ки ба ӯ фаҳмонад, ман ҳам тугмаи ҳастаӣ дораму аз ман бузургтару нирӯмандтар аст ва кор мекунад", - навиштааст Трамп дар Твиттер.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар паёми нави солонааш гуфт, кишвараш аслиҳаеро дорад, ки метавонад ба тамоми гӯшаву канори Иёлоти Муттаҳида бирасад ва ҳамчунин ҳушдор дод, ки "тугмаи ҳастаӣ" дар рӯи мизи корияш аст.

Вай изҳор дошт, ки ин аслиҳаро танҳо дар сурати эҳсоси хатар ба амнияти Кореяи Шимолӣ истифода хоҳад бурд. "Ин воқеият аст, на ҳушдор", - афзуд Ким Чен Ин. Ӯ пешниҳод кард, ки гуфтугӯҳо бо Кореяи Ҷанубӣ аз сар гирифта шаванд. Ба гуфтаи раҳбари Кореяи Шимолӣ, кишвараш ҷонибдори иштирок дар Бозиҳои олимпии Пхёнчхан ҳам ҳаст.

Президент Трамп изҳор дошт, ки ба эҳёи гуфтугӯ миёни ду Куриё шак дорад, аммо мақомоти Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод кардаанд, ки 9 январ гуфтугӯи намояндагони ду кишвар дар сатҳи олӣ баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG