Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар як сол 3 млн тонна семент тавлид кард


Тоҷикистон соли гузашта бори нахуст дар таърихи худ ҳудуди 3 миллион тонна семент тавлид карда, беш аз 1 миллиони онро ба кишварҳои хориҷӣ, назири Афғонистону Узбакистон содирот кардааст. Шамсиддин Иброҳимов, сардори Раёсати маҳсулоти сохтмонии вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон 3-юми январ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бахши умдаи маҳсулоти семент дар иншоотҳои дохили кишвар, назири сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, биноҳои бисёрошёна, роҳу пулҳои иртиботӣ ва дигар иншоотҳо истифода мешавад.

Вай афзуд, ки ҳоло 13 корхонаи тавлиди сементи Тоҷикистон ҳама гуна анвои ин маҳсулотро тавлид мекунанд, аммо корхонаҳои муҳими давлатӣ асосан сементи тавлиди корхонаи сементбарории шаҳри Душанберо харидорӣ мекунанд. “Ин корхона давлатӣ аст ва маҳсулоташ ба меъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқ мебошад. Ба ин далел дар сохтмони нерӯгоҳҳо ва пулҳо дар Тоҷикистон ширкатҳои сохтмонӣ асосан аз сементи сулфатдори ин корхона истифода мекунанд”, -гуфт Шамсиддин Иброҳимов.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG