Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманеӣ эътирозҳоро дасисаи "душманони Эрон" унвон кард


Теҳрон - Хоманеӣ ҳангоми сӯҳбат бо хонаводаҳои шуҳадои Эрон. 2 январи соли 2017
Теҳрон - Хоманеӣ ҳангоми сӯҳбат бо хонаводаҳои шуҳадои Эрон. 2 январи соли 2017

Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ "душманони Эрон"-ро ба таҳрики эътирозҳои хушунатбори зидди ҳукуматӣ, ки то ҳол 22 нафар, бо шумули як корманди пулисро кушта ба ҷой гузоштанд, муттаҳам кард. Ин бузургтарин чолиш аст, ки ҳукумати Эрон дастикам дар як даҳсола рӯ ба рӯ шудааст.

Изҳороти Раҳбари Олии Эрон Оятулллоҳ Алӣ Хоманеӣ рӯзи 2 январ дар ҳоле пахш шуд, ки фишорҳои байналмилалӣ, бо сарварии президенти ИМА Доналд Трамп, якҷо бо теъдоди хисороти ҷонӣ афзоиш меёбад ва фишорҳои дохилилро ба ҳукумати Эрон бештар мекунад.

"Душман ҳамеша мунтазири як фурсат аст, мунтазири як рахна аст, ки аз рахна ворид шавад ва ба миллати Эрон зарба занад" - гуфт Хоманеӣ.

Доналд Трамп рӯзи 2 январ дар твиттер аз тазоҳургарон барои ба гуфтаи ӯ амалҳои эътирозӣ "алайҳи режими ҷаррор ва фасодкори Эрон" ситоиш кард. Ӯ гуфт, "мардум дар ин кишвар маводи ғизоии зиёд надоранд, таварруми бузург доранд ва аз ҳуқуқҳояшон ҳимоя намешавад".

XS
SM
MD
LG