Пайвандҳои дастрасӣ

Депутати Бундестаг ба бадбинии мусалмонҳо гумонбар мешавад


Ходимони пулис амниятро дар ҷараёни эътирозҳои зидди мусалмонон дар Кёлн таъмин мекунанд. Январи соли 2016

Пулиси Кёлн сиёсатмадори саршиноси Олмон Беатрикс фон Шторх аз ҳизби ростгарои "Олмони Алтернативӣ"- ро дар барангехтани низои миллӣ гумонбар медонад. Пулис баъди як пайғоми фон Шторх дар твиттер ба додситон ариза дод.

Фон Шторх дар пасманзари тадобири пулис, ки чораҳои эҳтиётиро бо чанд забон, бо шумули забони арабӣ ба сокинон тавсия дод, ба хашм омад ва дар твитер назар дод. "Инҳо гумон мекунанд, ки бо ин роҳ метавонанд мардҳои мусмони барбариро аз таҷовузҳои гурӯҳӣ нигаҳ медонад",- гуфт фон Шторх. Ба думболи ин паём твиттери ӯ ба муддати 12 соат масдуд шуд. Шторх нусхаи паёмро дар саҳифаи Фейсбукаш нашр кард, аммо саҳифаро дар ин ҷо низ масдуд карданд.

Пулиси Кёлн мегӯяд, ки қабл аз маъракаҳои бузург онҳо нашри тавсияҳо ба чанд забонро кайҳо боз таҷруба мекунанд. Пулис бовар дорад, ки ин ин шеваи кор расонидани маълумот ба гурӯҳҳои мухталифро осон ва ба ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи Deutche Welle, шаби 1 январи соли 2018 пулиси Кёлн аз вуруди 192 нафар ба базмгоҳ ҷилавгирӣ ва 92 нафарро боздошт кард.

Ду сол пеш дар ҷараёни ҷашнҳои солинавӣ дар Кёлн садҳо зан мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Гуфта мешуд, ки аксари ҳамлагарон машҳои африқоӣ ва араб буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG