Пайвандҳои дастрасӣ

АП: Ҳамсари Раҳмон Набиев дар сӯхтор даргузашт


Дар шаҳри Хуҷанд дар паи сӯхтор дар манзили президенти собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиев, ҳамсари 78-солаи ӯ Майрам Набиева даргузашт. Дар ин бора оҷонсии «Азия-плюс» хабар дод. Ин ҳодиса баъди нисфирӯзии 28 декабр рух додааст. Нашрия менависад, ки ҳамсари Набиев дар хона танҳо буд. Таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ шудааст. Яке аз наздикони хонаводаи Набиевҳо ба ин оҷонсӣ гуфтааст, ки ду фарзанди Набиев – Рустам ва Мунаввара қарор аст имшаб ба Хуҷанд барои хоксупории модарашон бираванд.

Худи Раҳмон Набиев 11 апрели соли 1993 даргузашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG