Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари қатли бародари додситони пешини Қирғизистон боздошт шуд


Бародари Аида Салянова рӯзи 6 нобяр дар наздикии Бишкек кушта шуд
Бародари Аида Салянова рӯзи 6 нобяр дар наздикии Бишкек кушта шуд

Гумонбари асли куштори Улан Салянов- бародари додситони пешин ва намояндаи мардумӣ аз ҳизби "Ота-Макон" Аида Салянова шаби гузашта боздошт шуд.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки фарзяи аслӣ куштор барои "сирқат" аст. пулис мегӯяд, ки ҳамдастони гумонбари боздоштшуда идома дорад. Аида Салянова қаблан гуфта буд, ки куштори бародараш "ангезаи сиёсӣ" дорад.

Гумобари аслии ин куштор сокини 31 солаи Бишкек Э.О., буда, ба боздоштгоҳи Вазорати дохилӣ интиқол ёфтааст ва эътирофи худро дар ин ҷиноят ба мақомот ироа мекунад.

Ҳодиса соати 1:30 шаби 6 ноябр рух дод. Ҳамлагарон, ки ниқоб пӯшида буданд, ба хонаи Улан Салянов даромада ӯро ба қатл расониданд. Салянов дар роҳ ба бемористон ҷон дод. Дар лаҳзае, ки ҳамла сурат гирифт, дар хона худи соҳиби хона, ҳамсар ва писари 17-солаи ӯ ҳузур доштанд.

XS
SM
MD
LG