Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ президенти ИМА Доналд Трампро танқид кард ва гуфт, ки сиёсати ӯ наметавонад Эронро "заъиф" кунад.
Хоманеӣ дар силсилаи твитерҳо ва суханронии телевизионияш рӯзи 27 декабр гуфт, ки талошҳои зин задани Эрон аз замони Роналд Рейган, ки седаҳсола пеш раҳбари ИМА буд, ҷараён доранд.
"Рейган нерумнадтар ва донотар аз Трамп буд. Ӯ дар таҳдид кардан ҳунари беҳтар дошт",- гуфт Хоманеӣ.
Хоманеӣ бори дигар иддаои Теҳронро такрор кард, ки соли 1988 киштии ҷангии ИМА ҳавопаймои мулкии Эронро дар фазои Халиҷи Форс барқасдона суқут дод ва 290 нафарро кушта бар ҷой гузошт. Ийолоти Муттаҳида гуфтааст, ки ин ҳодиса як иштибоҳ буд.
Раҳбари олии Эрон гуфт, ки "аз замони президентии Рейган кишвараш дар ҳамаи арсаҳо ба пешрафтҳои бузург ноил шуд" ва афзӯд, ки "ин тамоюл дар аҳди Трамп низ идома хоҳад ёфт". Хоманеӣ гуфт, ҳамагуна умедвории он тараф, ки Ҷумҳурии Исломӣ аз роҳаш пас мегирада ва ё заъиф мешавад, хаёли ботил аст.
Доналд Трамп режими Эронро, ки дар он ҳарфи ниҳоиро Хоманеӣ мегӯяд, "диктотурӣ" унвон кардааст. Ӯ дар сухаронии моҳи октябр таъкид кард, ки дар робита ба барномаҳои ҳастаиву мушакҳои баллистикии Эрон ва пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи Ховари Миёна, Амрико мавқеи худро дар баробари ин кишвар шадидтар хоҳад кард.