Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина $180 миллиони Янукович ва наздикони ӯро мусодира мекунанд


Виктор Янукович
Виктор Янукович

Додситонии кулли Украина Юрий Лутсенко рӯзи сешанбе аз баргардонии 5 миллиард гривени дигар ба буҷа хабар дод. Ин пулҳо аз ҳисоби дороиҳои президенти пешини Украина Виктор Янукович ва наздиконаш рӯёнида шудааст.

Додситони кулл ёдовар шуд, ки аз наздикони Янукович то кунун 22 миллиард гривен мусодира, вале танҳо 5 миллиардаш дастрас шудааст. "Ба забони ҳуқуқӣ ин ба маъноест, ки мансабдорон хунукназарӣ кардаанд", - афзуд Лутсенко.

Буҷаи давлатии Украина барои соли 2018 воридоти 4,7 миллиард гривен аз ҳисоби мусодираҳоро дар назар дорад.

Вакили дифои Янукович Виталий Сердюк гуфт, ҷониби ҳимояи президенти пешин омодааст, зидди додситони кулл ба додгоҳ шикоят барад. Вакили дифоъ додситонро дар "нашри иттилои бардурӯғ" дар бораи дороиҳои президенти пешин ва наздиконаш айбдор мекунад.

Сар аз моҳи июни соли ҷорӣ дар Украина додгоҳи ғоибонаи Янукович бо айби хиёнат ба давлат шуруъ шуд. Додситонӣ тасмим дорад, барои Янукович ҳабси абад талаб кунад. Янукович айбҳои эълоншударо рад мекунад.

XS
SM
MD
LG