Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: вазири пешини Узбакистон дар ҳабси хонагӣ қарор дорад


Адҳам Аҳбадбоев
Адҳам Аҳбадбоев

Вазири пешини умури дохилии Узбакистон Адҳам Аҳмадбоев, ки ахиран аз ҷониби президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба хиёнат ба давлат айбдор шуд, дар ҳабси ғайрирасмии хонагӣ қарор дорад.

Як мансабдори наздик ба Аҳмадбоев, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, вазири пешини умури дохилии Узбакистон аз рутбаи генералӣ маҳрум шуд ва ҳоло таҳти ҳабси ғайрирасмии хонагӣ аст.

"Моҳи феврал рутбаи Аҳмадбоевро то ба полковникӣ поин оварданд. Ӯ расман ба нафақа фиристода шуда, ғайрирасмӣ дар доираи парвандаи зидди муовини пешини раиси Хадамоти амнияти Узбакистон Шуҳрат Ғуломов зери назорати мақомоти қудратӣ қарор дорад. Хабарҳо дар бораи фирораш аз кишвар беасосанд", - афзуд ин манбаъ.

Охири ҳафтаи гузашта Мирзиёев ҳангоми ироаи паём ба порлумони Узбакистон Аҳмадбоевро дар хиёнат ба давлат айбдор кард. "Шумо медонед, ки собиқ вазири умури дохилӣ Аҳмадбоев бо хиёнатҳои худ ба давлат ҳоло дар куҷо аст? Ӯ ҳангоми вазири умури дохилии Узбакистон буданаш ба гуруҳе пайваста, ба давлат хиёнат кард. Пагонҳои ду генералро канда партофтам. Боз онҳо генерал-лейтенант будаанд!"- афзуд президенти Узбакистон.

Адҳам Аҳмадбоев аз вазифаи вазири умури дохилии Узбакистон 4 январи соли равон барканор шуд. Пештар расонаҳо хабар доданд, ки Аҳмадбоев мушовири президент оид ба умури сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таъйин шудааст. Наздикони Аҳмадбоев мегӯянд, ӯ моҳи марти соли равон ҳамчун омӯзгор ба Академияи ВКД Узбакистон фиристода шуд. Вале ҳамсуҳбати мо, ки худро ёвари раҳбари академия муаррифӣ кард, гуфт, Аҳмадбоев ба нафақа баромад.

Як мансабдори ҳукумати Узбакистон гуфт, Аҳмадбоев мавриди хашми Мирзиёев қарор гирифтааст, зеро ӯ бо дастури муовини пешини раиси Хадамоти амнияти ин кишвар раисҷумҳур ва аъзои хонаводаашро таҳти назорат гирифта, таъқиб мекард.

XS
SM
MD
LG