Пайвандҳои дастрасӣ

Ксения Собчак аз Навалний хост, шахси боэътимоди ӯ шавад


Шореҳи телевизион Ксения Собчак сабти ном накардани номзадии мухолиф Алексей Навалнийро дар интихоботи президентии Русия "беадолатии даҳшатовар ва иштибоҳи навбатии мақомот"-и кишвараш номид. Вале ӯ аз даъвати Навалний барои таҳрими интихобот ҷонибдорӣ накард.

Собчак суханони худи Алексей Навалнийро, ки пеш аз интихоботи соли 2011 гуфта буд, иқтибос овард, "таҳрим кор намедиҳад ва аз нигоҳи муборизаҳои сиёсӣ низ маъное надорад. Баръакс, дарсади овозҳои президенти кунунии Русия Владимир Путинро боло хоҳад бурд".

"Мефаҳмам, ки ҳоло барои Навалний чи қадар мушкил аст, вале кори умуми мо муҳимтар аст", - навиштааст шореҳи рус дар шабакаи иҷтимоии инстаграм. Ӯ бори дигар аз нирӯҳои демократии Русия даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва аз Навалний хост, дар сурати сабти номзадияш шахси боэътимоди ӯ шавад.

Алексей Навалний 25 декабр мавқеи худро, ки тайи шаш соли ахир аз мардум даъват мекард, зидди ҳизби "Русияи воҳид" ба кадом ҳизбе набошад, раъй диҳанд, тағйир дод. Ба назари ӯ, "зидди Путин ба дилхоҳ ҳизб овоз додан боз ба нафъи Путин хоҳад буд".

Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Русия 25 декабр бо 12 раъйи ҷонибдор аз сабти номзадии Навалний ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи марти ин кишвар худдорӣ кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG