Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: Ронандаи автобус аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад


Дар шаҳри Маскав автобусе ба сӯи издиҳоми мардум ҳаракат кард ва аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, панҷ нафар кушта шудааст. Ҳодиса дар хиёбони Кутузовский рух дод. Автобус ба даромадгоҳи роҳи зеризаминии истгоҳи метрои "Славянский бульвар" ҳаракат кардааст. Феълан дар бораи ҷароҳати 15 нафар гузориш мешавад.

Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки автобуси мусофирбар марбут ба ширкати нақлиётии Одинсово мебошад. Зоҳиран, ронанда дар шароити биниши мушкил ва намии зиёд аз ӯҳдаи рондани мошин набаромад ва ба самти иштибоҳӣ ҳаракат кард.

Таҳқиқ шурӯъ шуда, дар ҷои ҳодиса хадамоти изтирорӣ кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG